Муъмин Камол: Худоро шукр, ки зиндагиям хуб аст!

.

Чанде пеш­­ раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҳикматулло Султонов ҳамроҳ бо директори муассисаи таълимии №4 Хайриддин Мӯсоев, директори муассисаи таълимии №6 Фаррух Зубайдов, намояндаи идораи рӯзномаи “Нури Сарбанд” ба дидорбинии собиқадори махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳр, Муъмин Камол, ки дар деҳаи Тоҷирони Ҷамоати деҳоти “Гулистон” зиндагӣ мекунад, рафтанд.

 

Суҳбати масъулин бо бобои Муъмин Камол аз хотираҳои давраҳои толибилмӣ ва донишҷӯйияш оғоз шуд. ӯ ба ёд меовард, ки чӣ гуна дар даврони толибилми синфи якум буданаш бо ҳамсинфони калонсоли худ дар шароити начандон мусоид ба таҳсил машғул мешуданд.

Соли 1948-ум буд. Ман дар синфи якум мехондам. Ҳамсинфони ман қисмати зиёдашон калонсол буданд. Баъзе аз ҳамсинфони ҷавонамон давоми як-ду соли аввали таҳсил соҳиби оила шуданд. Духтаронамон бошанд, то синфи 4-умиямон қариб ҳамаашон ба шавҳар баромаданд. Ҳатто яке аз духтарони синфамон ҳамагӣ чор рӯз дарс хонда, ба шавҳар баромад. Калонсол буданд, вале ба сабаби мушкилоти баъдиҷангӣ аксари мардум аз хату савод омӯхтан маҳрум монда буданд.  Ҳамин ки шароит муҳайё шуд, ба синну солашон нигоҳ накарда, гурӯҳе омаданду ҳамроҳ бо додарону хоҳаронашон дар як синф таҳсил карданд. Аҷиб давраҳое буд. Мо қаламу дафтар ва китобҳои замонавӣ надоштем. Рангдон ва пари мурғ ё қаламгунаҳои дигаре доштем, ки ба ранг тар карда менавиштем. Дафтарҳоямон ҳам хеле оддӣ ва камварақ буд. Дар аввал мизу курсӣ барои нишаст набуд. Дар замин нишаста таҳсил мекардем. Аз соли 1950 дар таълимгоҳи мо мизу курсӣ пайдо шуд. Дар як миз се кас ва аз он ҳам зиёдтар менишастем, - гоҳе бо табассум, гоҳе бо дидагони нам ба ёд меовард рӯзгори гузаштаро бобои Муъмин Камол.

Ҳамин гуна хотираҳоро аз давраҳои гуногуни зиндагияш пеши рӯ меовард бобои Муъмин Камол ва ҳамзамон таъкид мекард, ки “Худоро шукр мегӯем, ки имрӯз зиндагии хубу шароити беҳтареро насибамон кардааст!”.

Аз давраҳои тӯлонии фаъолияташ дар соҳаи саноати ҳукумати вилояти Хатлон ёдоварӣ намуд. ӯ гуфт, ки қариб тамоми умри корияшро дар ин роҳ сарф кардааст ва имрӯз қаноатманд аз он аст, ки дар ин самт шогирдону зердастони зиёдеро тақдими халқу давлат кардааст, ки ҳоло  қисмате дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар зинаҳои мухталиф фаъолият доранд ва қисмати дигар аллакай ба нафақа баромадаанду чун худи ӯ дами пирӣ меронанд.

Пас аз анҷоми суҳбати самимӣ Муъмин Камол аз хабаргирии масъулон изҳори хушнудӣ намуд ва ба онҳо дуои нек доду барояшон барору комёбиҳои бештар дар кору зиндагӣ таманно намуд.