Медали биринҷии Бахтовар Абдуллоев аз Ҷоми ҷаҳон

.

Бахтовар Абдуллоев, варзишгар аз шаҳри Левакант дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои «Мемориал Харлампиев» ҷои сеюмро ишғол намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гашт. Рӯзи аввал ин мусобиқаи варзишӣ 22- март, ки дар маҷмааи хурди варзишии «Лужники» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид. Бахтовар дар ин мусобиқа аз рӯи намуди самбои муҳорибавӣ дар вазни то 100 килограм иштирок намуд.