«Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба давраи ҷангӣ»

.

Тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон аз 26 то 29- ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Левакант машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба давраи ҷангӣ» гузаронида шуд.

 Ҳайати роҳбарикунанда, коммисияҳо, хадамотҳо ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании шаҳр машқи мукаммали мудофиаи граждании шаҳрро дар мавзӯи зикршуда фаъолона иҷро намуданд.

Қисмати ҷамъбастии чорабинӣ дар НБО-и «Сарбанд» бо иштироки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор шуд.

Коммисияҳои мудофиаи гражданӣ қувва ва воситаҳои хадамоти мудофиаи гражданӣ вобаста ба вазифаҳои ба ӯҳдадоштаашон амал намуда, оид ба чорабинии иҷрогардида ба сардори ситоди роҳбарикунандаи машқ гузориш доданд.

Барои сарфароз гардонидани шахсоне, ки дар рафти амалиёти машқи мукаммал ба муваффақиятҳо ноил шуданд, бо мукофотҳои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант сарфароз гардонида шуданд.

мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои хуб гирифта, туҳфаҳои омодакардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба онҳо тақдим гардид.