Рӯзи байналмилаллии мубориза бар зидди ВНМО
30- ноябр, дар ҳошияи Рӯзи байналмилаллии мубориза бар зидди ВНМО, дар Муассисаи ғайридавлатии колеҷи тиббӣ – иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант чорабинӣ доир гардид. Шурӯъ аз соли 1988 ҳамасола 1- декабр ин рӯз қайд карда мешавад.
Баъди суханронии нотиқон, донишҷӯёни ин даргоҳ оиди вируси сирояткунанда саҳнача пешниҳод намуданд.
Дар охир ба чанде аз омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол сипосномаи маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар шаҳри Левакант тақдим карда шуд.
Рӯзе қабл бо иқдоми маркази мазкур дар шаҳр аксия доир гардид, ки бештар аз 1800 маводи иттилоотӣ ба аҳолӣ паҳн карда шуд.
Қурбоналӣ Шарипов, директории маркази болозикр гуфт, ки мақсад аз амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳо дар ин самт, муқовимат бо паҳншавӣ ва пешгирӣ аз гирифтори ба ВНМО мебошад.