БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИ АДАБӢ ДАР МАВЗУИ “НАҚШИ АЙНӢ ДАР АДАБИЁТИ МУОСИР”

.

Бино ба иттилои бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №10-и шаҳр  рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин  Айнӣ  баргузор гардид.

 

Дар конференсия  нозири кадрҳои бахши маориф Тоиров Т., директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳр Нозимов И. ва раиси ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода С. иштирок доштанд.

Таълимгирандагони муассисаи мазкур оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии  сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин  Айнӣ бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад карда, шеърҳо қироат намуда, ҳамзамон аз асарҳои устод Айнӣ “Одина” ва “Дохунда” саҳначаҳо пешкаши иширокчиёни конференсия гардониданд.