Салоҳиятнокӣ дар таълим – талаби замон

.

Низоми таълими салоҳиятнок низомест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули  малакаи амалӣ равона мешавад. Донистан ё дониш дар низоми таълими салоҳиятнок ҷузъи таркибии малака ҳисоб гардида, барои  санҷидан, муқоиса кардан, намуна ва ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад.

 Дар стандартҳои фанни забони модарии синфҳои ибтидоӣ, ки ба таълими салоҳиятнок нигаронида шудааст, марҳилаи «Таълими савод ва инкишофи нутқ» мавқеи муҳим дорад, зеро он заминаи асосии рушди маърифати шахс ба шумор меравад. Давраи  мазкур  хонандагон тавассути  омӯхтани хондану навиштан қадамҳои аввалро барои саводнок шудан мегузоранд.  Сатҳи саводнокӣ дар ин марҳала дар рушду нумуи маърифатӣ, хештаншиносӣ, ҷаҳонбинӣ ва иҷтимоишавии хонанда нақши асосиро мебозад.

Бо мақсади  гуфтаҳои зикргардида дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 семинари доимоамалкунандаи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ доир гардид, - қайд намуд нозири бахши маорифи шаҳр Абдуллоева С.

Дар семинари мазкур 19 нафар мутахассисони ҷавон ва роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ иштирок доштанд.

Аз тарафи омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Фарзонаи Баҳриддин дар синфи якум  дарси кушоди намунавӣ дар мавзӯи “Овоз ва ҳарфи Ҷҷ” тибқи усули нави муосир, яъне муносибати босалоҳият дар таълим дар раванди таълим оид ба ташаккули малакаҳои хониш гузаронида шуд.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин дарсҳои кушоди намунавӣ миёни омӯзгорни синфҳои ибтидоӣ паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва татбиқи роҳу усулҳои нави муосир,  ҷустуҷӯ намудани усулҳои нави замонавӣ, салоҳиятҳо ва самтҳо, таҳияи воситаҳои арзёбӣ ва ҷадвали истифодаи онҳо, ташкили дурусти шаклҳои кор (инфродӣ, дунафарӣ, гурӯҳӣ) дар таълим мебошад.

Омӯзгор дониши заминавии хонандагонро муайян намуда, бо истифодаи бозиҳо, усулҳои нави замонавии “Нақшофарӣ” ва “Хониши дунафарӣ” дарсро  гузаронид.