ҲХДТ неруи пешбари ҷомеа!
Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии Қитаоти Хатлони Роҳи Оҳан бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ХХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита Нуринисо Ибодуллоева хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар аввал мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев ба сухан баромада оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аъзои ин ҳизби мардумӣ ҳамчун неруи пешбаранда саҳми арзандаеро барои ободӣ ва шукуфоии кишвар мегузоранд. Ҳизб дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Он дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат бо риояи қонунҳо, дар ҳамкорӣ бо сохторҳо фаъолияти судманро ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ дар бораи дастовардҳои дар солҳои охир бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеояд, истода гузашт.