Пешгири аз терроризму экстремизм

.

Рӯзи 3 декабри соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр  таҳти раёсати Прокурори шаҳр,  мушовири адлия дараҷаи 1-ум Зайниддинзода Н., сардори ШВКД дар шаҳр, подполковники милитсия Муродзода Н., сардори ШКДАМ дар шаҳр Табаров И., сардори нозироти андози шаҳри Левакант Ғоибов С.  ва аъзоёни Шӯро баргузор гардид.

 Дар соли ҷорӣ ин 4-умин Шӯро буда, масъалаи таъмини амният ва пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти номатлуби террористию экстремистӣ ва фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба мавзӯи баррасишаванда баромади сардорони ШВКД дар шаҳр Муродзода Н. ва ШКДАМ Табаров И. дар шаҳри Левакант шунида шуд. Дар маърӯзаҳо зикр гардид, ки вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта дар самти терроризму экстремизм, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун пайваста корҳои ташфиқотию тарғиботӣ бурда мешавад.

Ёрдамчии прокурори шаҳр С. Мунавварзода бо таҳлилҳои амиқ дар баромади худ зикр намуд, ки имрӯз дар шаҳри Левакант низ ҷавонони зиёд ба ҷиноят даст зада истодаанд ва масъулинро мебояд, ки барои пешгирӣ аз ҷиноят, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ бештар намоянд.

Аз ҷониби аъзоён ва иштирокчиёни Шӯро зикр шуд, ки имрӯз терроризму экстремизм на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кураи замин доман паҳн кардааст. Пешгирии ин падидаи номатлуб кори дастаҷамъона аст. Дар суҳбату вохӯриҳо миёни мардум бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба манфиати кор хоҳад шуд.