ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...»
Рӯзи 3.12.2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ҷамъбаст гардид. Дар ин озмун 40 нафар довталабон ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд. Дар озмуни мазкур аз шаҳри Левакант хонандагони синфи 10 – и литсейи давлатии №2 Атаҷанова Мавлуда ва Бобоева Фаришта дар номинатсияи аз ёд кардану хондани асари адибони ҷаҳон хуб дониста шуда, аз тарафи раиси вилояти Хатлон бо ифтихорнома ва ба маблағи 1000 сомонӣ, инчунин хонандаи синфи 7 – и литсейи далатии №1 Хоҷаева Нигора дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикони тоҷик иштирокчии фаъол дониста шуда, ба маблағи 500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.