Дастгирии ниёзмандон амали хайру савоб аст

.

Дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Сомон» бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова туйи домодии як ҷавон аз оилаи эҳтиёҷманд баргузор гардид.

 Фароғат Назарова навхонадоронро аз самими дил муборакбод намуда, изҳор дошт, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии онҳо сурат гирифта истодааст,

Мардум ин амали наҷибонаи вакилашонро хуш пазируфта, ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуданд.