Семинар – машварат дар мавзӯи «Пешгири хубтар аз табобат аст»

.

Мутахассисони МТТҲС, КАТС дар якҷоягӣ бо маркази иммунопрофилактика дар толори маркази саломатии шахрӣ бо иштироки мудирони бунгоҳҳо,  МСД  семинар-машварати омӯзишӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, гигиенаи шахсӣ, гепатити (А,Б), ВНМО ва камхунии занҳои ҳомила  доир намуданд.

Чуноне, ки директори МТТҲС Акрамова С. иброз дошт, мақсад аз баргузории чунин семинарҳо пеш аз ҳама пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ нисбат ба бемориҳои сироятӣ мебошад.