Занҳо масъалаҳои муҳимро муҳокима карданд

.

5-уми декабр бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар толори маҷлисгоҳи литсейи давлатии №1 вохӯрӣ доир гардид, ки дар он мудири бахши кор бо оилаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холмуродова М. ва сармуҳаррири нашрияи «Меҳровар» Отаева Ш иштирок намуда, бо занони фаъоли шаҳр дар бораи масъалаҳои муҳиму рӯзмарра суҳбати гарму ҷушон доир намуданд.

 Чуноне ки Нуқрамоҳ Халилова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иброз намуд, ин вохӯрӣ ба 20-солагии ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» бахшида шуда, натиҷагирӣ аз ин иқдоми наҷибонаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯзҳо тавассути рӯйи кор омадани ин санади муҳиму таърихӣ фаъолияти занон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи на танҳо шаҳри Левакант, балки мамлакат густурдатару доманадор гардида, саҳми босазои онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар ба таври назаррас эҳсос мегардад,- илова кард Н. Халилова.

Холмуродова М., Отаева Ш. ва Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр вобаста ба муҳимияти соҳибмаълумоту соҳибкасб будани занон дар ҳаёти оилавӣ, сабабу омили боло рафтани сатҳи вайроншавии оилаҳои ҷавон, роҳҳои пешгирии пошхӯрии оилаҳо, ба ҷавонон омӯзонидани маърифати оиладорӣ ва ҳоказо сухан гуфтанд.