Натиҷагирӣ аз Шӯрои ҷавонони шаҳри Левакант дар соли 2019

.

Нимаи дуюми рӯзи 24-уми январ дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №2-и шаҳр таҳти раёсати и.в. раиси шаҳр, раиси Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод Шӯрои ҷавонон доир ба фаъолияти солонаи соли 2019 баргузор гардид.

 Дар кори Шӯро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҷумахон Одинаев оид ба фаъолияти Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Левакант дар соли 2019 баромад намуд.

Зикр шуд, ки Шӯрои кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар давраи ҳисоботӣ, ҷиҳати тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, амали намудани нақшаи кории Шӯро, барномаи рӯшди иҷтимоӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон, дастурҳои раиси Шӯрои кор бо ҷавонони шаҳр ва раиси шаҳри Левакант корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Сипас кори Шӯро мавриди муҳокима ва музокираи аъзоёни он қарор гирифт.

Инчунин дар идомаи ҷамъомад ба 10 хонандаи фаъоли муассисаҳои таълимӣ, идрокпулии раиси шаҳр дода шуд. Ҳамзамон хизматчиёну ҷавонони фаъоле, ки дар бахшҳои гуногун фаъолияти пурсамар доштанд, бо сипосномаҳои раиси шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант сарфароз гардонида шуданд.