Бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 22.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, бо ҷурми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Нисбат ба ашхоси зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.