Левакант: Рӯзи китобхонӣ

.

Бо иқдом ва ташаббуси раиси шаҳри Левакант-Файзиддинзода Бунафша имрӯз 16-уми феврал, дар китобхонаи марказии шаҳр, рӯзи китобхонӣ ташкил шуда, муовини раис, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту идораҳо дар ин чорабинии адабӣ фаъолона иштирок ва китобхонӣ намуданд.

 

Иштирокдорон бо завқу салиқаи худ китобҳоро интихоб намуда, мутолиа намуданд ва аз он ғизои маънавӣ бардоштанд.

Дар пайи ин ташаббуси наҷиби раиси шаҳр-Файзиддинзода Бунафша, тасмим гирифта шуд, ки минбаъд низ ҳар рӯзи панҷшанбе, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ба китобхонаи марказӣ ва ҷамоатҳои деҳот рафта, мутолиа мекунанд ва дигаронро барои хондани китоб ҷалб месозанд. Ба ин васила, таблиғи китоб ва китобхонӣ дар байни наврасону ҷавонон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.