Левакант: Таваҷҷуҳ ба муассисаҳои таълимӣ

.

Мутахассис, ҳуқуқшиноси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Ҳалимзода Карим, котиби Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроия-Хайруллозода Исмат ва намояндаи бахши маориф аз вазъи давомоти хонандагону омӯзгорон, тартибу низом, сару либоси ягона ва дигар масъалаҳои мубрами муассисаҳои таълимӣ дидан намуданд.

 

Зимни ин санҷиш бо омӯзгорону хонандагон барои риояи қоидаҳои муассисавӣ тавсияҳо доданд.

Ҳамзамон ба маъмурияти муассисаҳо гуфта шуд, ки ба хонандагон таваҷҷуҳи махсус намоянд то онҳо ба оворагардию шабгарди даст назананд. Зеро сарчашмаи ҳама гуна ҷиноят аз оворагардию шабгарди сар мезанад.