Мизи мудаввар: Ҳаёти безӯроварӣ-зиндагии шоиста

.

Бо ташаббуси бахши кор занон ва оилаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва “16 рӯзи бе зӯроварӣ” нимаи рӯзи 29 ноябр дар  литсейи касбӣ саноати кимиёи шаҳр таҳти унвони “Ҳаёти безӯроварӣ-зиндагии шоиста” мизи мудаввар доир гардид, ки дар кори он беш аз 50 нафар аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, раисони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва устодони шогирдони ин муассиса иштирок доштанд.

Қайд гардид, ки зӯроварӣ дар оила падидаи номатлубест, ки ба ҳаёт, шараф, номус ва саломатии як инсон зарар ворид мегардад. Хушунату зӯроварӣ дар оила ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки барои ин кирдори ноандешида тибқи муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маъмурӣ ва ҷиноӣ муайян гардидааст.