Ҳидоятгарони роҳи зиндагӣ
4 декабр дар муассисаи таълимии № 12-и деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва кормандони рӯзномаи «Нури Сарбанд» бо волидон, омӯзгорон ва шогирдони ин муассиса доир гардид.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҳ. Султонов, собиқадорон Б. Валиев, А. Исмонқулов ва С. Файзуллоев бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ҳарф зада, вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ» ва ҳоказо самимона сухан гуфта, ҷавононро барои дӯст доштани Ватан, тайёр будан барои ҳифзи марзу буми кишвар, эҳтиром доштан ба арзишҳои миллӣ ва ҳоказо ҳидоят намуданд.