Мақоми шахсият ва осори имом Бухорӣ дар ҷомеаи имрӯза

.

Мақоми шахсият ва осори гаронмояи имом Муҳаммад ал Бухорӣ, ба чанд далел дар ҷомеаи имрӯза ва оянда муҳим ва арзишманд ба шумор меравад. Нахуст, ба далели шахсияти маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ будани ҳаммиллати мо-Имом Муҳаммад ал Бухорӣ. Имом Муҳаммад ал Бухорӣ шахсияти маъруфи олами ислом ба шумор меравад, маҳз осори илмию адабии ӯ ба рушди илмҳои динию адабӣ ва таърихӣ дар оянда заминаи мусоид фароҳам овард. Боиси ифтихори мост, ки Имом ҳаммиллатамон аст ва маҳз асари маъруфи ӯ доир ба ҳадисҳои паёмбари арҷманди ислом барои муъминон дуюмин китоби муқаддас ва роҳнамо ба шумор меравад.

 

Дар таърихи ислом имом Муҳаммад ал Бухорӣ ҳамчун пешвои доноён, имоми олимони ислом дар ҳамаи давру замонҳо ва китоби маъруфи ӯ доир ба ҳадис “Ҷалилтарин ва беҳтарин кутуби ислом баъди Китоби Худои Таъоло” ва ё “Саҳеҳтарин китоб баъди китоби Худо” ёд мешавад. Фалсафаи хеле қадимаи муросою мадорои халқи тоҷик, ки дар зоти худ асли андешаи созандагӣ, таҳаммулгароӣ буда, дар мероси намояндагони маъруфи илму адаби миллати мо, аз ҷумла дар осори Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва имом Муҳаммад ал Бухорӣ васеъ инъикос ёфтааст, имрӯз низ метавонад ба ҳайси намунаи равшани муколамаи фарҳангу тамаддунҳои гуногун хизмат намояд.

Бо овардани далелҳои дар боло зикршуда бояд гуфт, ки дар баробари арҷгузорӣ ба шахсияти ин абармардон шиносоии бештар бо зиндагинома ва мероси ҷовидонаи онҳо, таблиғи ин арзишҳо амри зарурӣ ба шумор меравад. Зеро дунё ба роҳи хеле хавфноки моҷароҷӯӣ ва моддигароии ба ҳадди ифрот, низоъҳои бадхасмона равон аст. Дар ин маврид танҳо маънавиёт ва ахлоқи воло ки осори гузаштагони арҷманди мо саршор аз он аст метавонад ҷомеаи башариро, аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба роҳи рост ҳидоят намояд.

Дини мубини ислом дини умумибашарист. Ва қавмҳои гуногуни мусалмон дар муносибати худ ба ислом як ё якчанд ифтихор доранд: яке бо он ки дар густариши ҷуғрофии ин дин аз соҳили уқёнуси Атлас то соҳили уқёнуси Ором ҷиҳод кардааст, дигарӣ дар мудофиаи марзу буми Дору-л-ислом (сарзамини ислом) дар муқобили ғосибону ғоратгарон ҷангидааст, сеюмӣ дар таблиғи сухани Худо ва ривоҷу равнақи илмҳои исломӣ кӯшидааст, чаҳорумӣ ақоиди исломиро аз ҳуҷуми тафриқаандозон ва соҳибони ақоиди ботил ҳимоя намудааст. Дар ин муомила ҳар гоҳ аз мояи ифтихорот ва саҳми мардуми Мовароуннаҳру Хуросон, умуман мусалмонони арабу ғайри араб сухан доир шавад, ҳатман пеш аз ҳама ва беш аз ҳама номи имом Муҳаммад ал Бухорӣ ва китоби “Саҳеҳ”-и ӯро ба забон меоранд.

Далели сеюм, ин баҳогузорӣ ва эҳтироме ки Президенти мамлакат нисбати фарзандони арҷманди миллати тоҷик, алалхусус нисбати имом Муҳаммад ал Бухорӣ ва осори гаронмояи ӯ баён доштанд. Тавре Сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд «Дар замоне, ки инсоният ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва вусъати равобити байниҳамдигарӣ ниёзи бағоят шадид дорад, муроҷиат ба рӯзгор ва осори шахсиятҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ як амри зарурӣ ва пурманфиат аст. Зеро мо аз таҷрибаи гузаштагон хуб медонем, ки халқу миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи мероси фарҳангии худ ва қадр кардани арзишҳои динию мазҳабӣ онҳоро тибқи ҳадафҳо ва ниёзҳои ҷомеа оқилона корбаст намудаанд, ба комёбиҳои бузургу нодир дастёб шудаанд.

Воқеан, дини мубини ислом, ки ҷавҳари таълимоти онро тавҳид ташкил медиҳад, аз каломи осмонии парвардигори олам, яъне Қуръони карим сарчашма гирифта, роҳнамои зиндагии ҳар як мусулмон мебошад.

Ниёгони мо зиёда аз сездаҳ аср муқаддам онро бо дилу ҷон пазируфтаанд, ки дар паҳлӯи пайғамбари Худо-ҳазрати Муҳаммад қарор гирифтани Салмони Форс гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.

Ба ибораи дигар, дини мубини ислом дар тӯли асрҳои зиёд бо фарҳанги куҳанбунёди мо омезиш ёфта, ба як рукни таркибии он табдил ёфтааст.

Имрӯз дар кишвари мо ба шарофати истиқлолият арзишҳои ахлоқии имониву динӣ мақому манзалати хоса пайдо кардаанд.

Мо ин арзишҳоро чун мазҳари ваҳйи илоҳӣ ва улуми раббонӣ сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида, василаи муассири тарбияи наслҳо ва чароғи раҳнамои худогоҳиву худшиносии мардум мешуморем. Ин аст, ки мо дар баробари ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ масъулияти худро дар самти нигоҳдории покиву асолати арзишҳои динӣ ва дар айни замон пешгирӣ кардани ҳар гуна зуҳуроти ифротгароии динӣ эҳсос мекунем».

То замони соҳибистиқлолӣ касе ҷуръат намекард ба гузаштаи шарафмандонаи миллати худ ва ба шахсиятҳои фарҳангофари худ рӯй оварад. Агар дар ин маврид таҳқиқе ба анҷом расида бошад, он ҳам аз дидгоҳи интиқод ва инкори арзишҳои маънавию миллатхоҳӣ ва арзишҳои мазҳабӣ сурат гирифтааст. Ба зиндагонӣ ва осори имом Муҳаммад ал Бухорӣ дар аҳди Шӯравӣ касе руҷӯъ накардааст, ҷустуҷӯи пайвастаи мо собит намуд, ки ягон манбаъи чопӣ дар ин мавзӯъ вуҷуд надорад. Танҳо дар осори фалсафию тадқиқотӣ дар баробари дигар шахсиятҳои мубаллиғи дин аз ӯ ва муҳтавои осораш, ба таври умумӣ ёдрас шуда, аз дидгоҳи марксистӣ интиқод шудааст.

Дар даврони истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ раванди азнавсозии ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодии кишвар бо ташаббусҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо муносибати давлати миллии дунявӣ ба дин тағйиру таҳаввул пайдо кард, балки ҳамзамон илмҳои диншиносиву исломшиносӣ низ аз бунбасти идеологию сиёсисозӣ берун баромада, бо назардошти назокатҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои умумимиллӣ бо усулу равишҳои нав такмилу тараққӣ ёфтанд.

Муҳимтарин дастоварде, ки дар соҳаи муносибат ба дин ва дар ин замина назари нав ба таҳқиқу инкишофи илмҳои диншиносию исломшиносӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба даст омад, ҳамин буд, ки мо тавонистем буҳрони маънавиеро, ки дар шакли бархӯрди ҷаҳонбинии дунявию динӣ зоҳир мегардид, бартараф намуда, ба ғайриақидатӣ сохтани мабдаи диниву дунявӣ дар зиддиятҳои сиёсии байни мардуми кишвар ноил шавем.

Беҳуда нест, ки маҳз дар заминаи чунин тарзи муносибат ба дин дар замони истиқлолият худшиносӣ ва эҳёи динӣ ба рушди дин ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа ниҳодҳои динӣ дар ҳаёти ҷомеа мавқеи хоси фарҳангӣ ишғол намуданд, адади масҷиду муассисаҳои маорифи динӣ ба миқдори зиёд таъсис ёфта, нашри адабиёти динӣ, ба хусус Қуръони Карим ва сарчашмаҳои дигар ба миллионҳо адад расид ва миқдори зоирони хонаи Каъба сол ба сол меафзояд. Ҷашн гирифтани зодрӯзи арбобони динӣ, ба мисли Имоми Аъзам, Имом Муҳаммад ал Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрави Қӯбодиёнӣ ҷаласаҳои илмӣ бахшида ба эҷодиёти Мотурудии Самарқандӣ ва дигарон, рӯзҳои истироҳат таъйин гардидани идҳои Фитру Қурбон, дар доираи қонуни махсус ба танзим даровардани расму оинҳо ва анъанаҳои миллӣ ва ғайраҳо низ ба эҳёи арзишҳои динӣ такони зиёд бахшида, аз бемайлон ташаккул ёфтани муносибати фарҳангии давлати миллии дунявӣ ба дин шаҳодат медиҳанд.

Доир ба, воқеаҳои муҳими таърихӣ, ҳаёти фарҳангию маънавӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии замони зиндагонӣ, ҳақиқат дар бораи шахсияти имом Муҳаммад ал Бухорӣ дар осори илмию адабии муҳақиқони тоҷику узбек ва арабу эронӣ ба таври парешон вохӯрдан мумкин аст, аммо асари том ва алоҳида доир ба ин мавзуъҳо то кунун вуҷуд надорад. Пешниҳод менамоем, ки тамоми осори адабию мазҳабии имом Муҳаммад ал Бухорӣ аз тарафи олимону муҳақиқон мавриди омӯзиш қарор дода шуда, тарҷума ва нашри онҳо ба роҳ монда шавад.

 

Атохӯҷа Имомов, имом-хатиби шаҳри Левакант