Баъзе аз афроди алоҳида макони зиёратро ба сарчашмаи даромади молиявӣ табдил дода, ҳар гуна овозаҳои бардурӯғи таблиғотиро пиромуни зиёрату маконҳои ба истилоҳ «муқаддас» паҳн сохтаву месозанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон парастиши мазор ва зиёратгоҳҳо ба падидаи паҳншудаи хурофотӣ мубаддал гаштааст. Дар қаламрави ҷумҳурӣ тақрибан деҳае нест, ки дар он ду-се мазор ва ё ба истилоҳ «макони муқаддас» вуҷуд надошта бошад. Эътиқод ва парастиши мазорҳо аз тарафи мардум ба як навъи мафкура ва ҷаҳонбинӣ мубаддал гаштааст. Аксарият бар онанд, ки мазорҳо ва ҷойгоҳи ашхоси дафншуда метавонанд дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии инфиродии онҳо таъсиргузор бошанд.
Суҳбати Абдулло Раҳнамо дар бораи "Паймон"
Наворо дар инҷо бубинед:https://youtu.be/bVUy3KBNZ1s