Иван (Иззат) Амон ҳизб месозад?
Шахси дар акс бударо мешиносед? Ба фикрам аксарият шинохтанд. Ва иштибоҳ карданд. Иззат Амон нест. Ин шахс дар олами Ғарб маъруф буд, бо ному насаби Дэвид Хемптон. Дар рейтингномаи шинохтатарин қаллобони дунё ҷойи панҷумро ишғол мекард. Худро ба атрофиён фарзанди ҳунарманди машҳури Голливуд муаррифӣ намуда, аз шахсони зудбовар маблағҳои калони пулӣ меситонид … ва ғайб мезад.