Чехраи аслии Сайидюнусро бишносем
Дар шабакахои ичтимои ва сомонахои интернети шахсе бо номи Сайидюнуси Иставрашани, ки худро тахлилгари «хамадон» мехисобад, дар мавзуоти мухталифи фархангиву сиёси ва ичтимоиву адаби хомафарсои мекунад. Ин нафар пойгохи тахлилииеро «сохиби» мекунад, ки ба унвонии «Кимиёи Саодат» дар шабакаи чахонии интернет чойгох дорад. Номбурда аз ин пойгохи дурўѓпарокании хеш хамеша матлабу маќолотеро ба миён мегузорад, ки хусусияти муѓризона ва хангомачўёнаро доранд. Аксар навиштахои ин нафар бо як услуби мармуз нигошта шудаанд, дар зехнхо суолотеро ба вучуд меоварад, ки оё Сайидюнус худ аз навиштани ин маќолахо чи мехохад? Оё дар асл хадафи ў воќеиятро тахлил кардан аст, ё тахрифи воќеият? Мафхуми «Гуфтугў бо огохон», ки дар маќолоташ ишора мекунад, яъне киро дар назар дорад? Ин огохон чаро ва аз чи рохе махз бо ў дар иртиботанд? Мафхуми «мачмуи додахо» ( база данных)-ки дар маќолахояш борхо ишора мекунад мутааллиќи кадом шабакаи чосуси ё хадамоти махсуси давлати хоричи нестанд? Ин хама бозгўкунандаи он нест, ки мухтарам Сайидюнуси Истаравшани хидмати кадом сервиси махсуси кишвареро анчом намедихад?