ФАВРӢ!!!! МУРОҶИАТНОМАИ АЁМИДДИН САТТОРОВ БА САҲА!
Тибқи иттилооти дастрасшуда, САҲА рӯзҳои 10 то 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар Лаҳистон ҷаласаи навбатии худро доир мекунад.
Тибқи иттилооти дастрасшуда, САҲА рӯзҳои 10 то 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар Лаҳистон ҷаласаи навбатии худро доир мекунад.
Як ислоҳотталаби саршиноси Эрон аз Маҷлиси хубрагон, ки бояд бар фаъолияти Раҳбари Олии ин кишвар Оятулло Алӣ Хоманеӣ назорат кунад, даъват кард, ки ба ҷои"ситоиш"и беандоза ӯро ҷавобгӯ кунанд.
Вақтҳои охир интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳои ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вобастабуда паҳн мешаванд Бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан, зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ба назар мерасад.
Пӯшида нест, ки дар як муддати кӯтоҳ парда аз рӯйӣ ҳизби террористии наҳзат ва роҳбарони он бардошта шуда, он ҳама нақшаву ниятҳои муғризонаашон рӯйи об баромад. Чунин ранг гирифтани корро ҳатто роҳбарони наҳзат тасаввур намекарданд ва дар интизораш ҳам набуданд. Ин ҳолат роҳбарони ташкилот, аз ҷумла худи Муҳиддин Кабириро бисёр нороҳат карда, дар ҳолати шок афтидааст.
Солҳо инҷониб дар бораи стандарти дугонаи кишварҳои абарқудрат ва созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ маводу матлабҳои фаровоне дар матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетии минтақавию ҷаҳон ба нашр мерасанд. Тавре таҳлили фаъолияти баъзе аз ин созмону ташкилотҳо нишон медиҳад, барои эшон ягон стандарти ягона доир ба шинохту эътирофи терроризму экстремизм вуҷуд надошту надорад. Созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва шахсиятҳои алоҳида вобаста ба манфиатҳои доштаашон ба ин ё он кишвар сиёсати худро муайян месозанд, ки мутлақо нодуруст мебошад.
Маҳз натиҷаи чунин фаъолияти нодурусти онҳо буд, ки Башор Асад, президенти феълии Сурия хеле хуб ва возеҳ шарҳ дод: «Ғарб нисбат ба терроризм нигоҳи дурӯя дорад. Кишварҳои Авурупову Амрико террорист нафаронеро медонанд, ки нисбати кишварашон ягон амали террористӣ анҷом медиҳанд. Агар ин амал ба кишварҳои мо сурат гирад, пас ин нафарон барои онҳо «инқилобгарон», «демократҳо» ва «озодии шаҳрвандон» маҳсуб мешавад.
Махсусан, Эдвард Лемон, ки худро профессори Донишгоҳи Колумбия меҳисобад, дар сафҳаи сомонаи иҷтимоии худ аз тундгароӣ истиқбол карда, кирдорҳои ғайриқонунии мухолифони тоҷик алайҳи давлату миллати тоҷикро ҷолиб шуморида, аз тоҷикистониён ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват мекунад ба кампини наҷоти зиндониёни сиёсӣ идома диҳанд. Аз иқдоми боздошти раҳбарият ва пайравони ошӯбгарои ТТЭ ҲНИ нигаронӣ карда, иддао мекунад, ки акнун замони талаби озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ фаро расидааст.
Бояд иқрор шуд, ки дар вақтҳои охир вобаста ба бораи кор гирифтани созмонҳои бонуфӯзи байналмиллалӣ ва шахсиятҳои алорҳида аз стандарти дугона сару садоҳо бисёр ба гӯш мерасанд. Маълум аст, ки чунин баёнияву иброзхи ақида аз ҷониби ин шахсияту гурӯҳҳо ҳадафнок буда, бо мақсади рушд накардани кишварҳое монанди Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳадафи асосии онҳо аз интиқод аз кишвари Тоҷикистон, ин пеш аз ҳама дар фақру камбағалӣ нигоҳ доштани аҳолии мо мебошад. Мақоли машҳури тафриқа андозу ҳукмронӣ намо шиорӣ асосии онҳо гардидааст. Тавре медонем, аз ҷониби ҳукумати кишвар гомҳои устуворе барои боз ҳам беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум бардошта истодааст, ки ин албата барои баъзеҳо хушоянд набуду нест ва мояи нигаронии амиқи онҳо қарор гирифтааст.
Вале, новобаста аз оне, ки ин ташкилоту инсонҳо новоқиф аз вазъияти дохилии кишвар чӣ мехоҳанду чӣ мегӯянд, бояд худи мо огоҳ бошем, ва донем, ки дар ягон сурат ба нафъи мо нахоҳад буд. Зеро агар аз чунин сару садо манфиате дида мешуд, кишварҳои арабӣ медиданд. Агар кирдорҳое, ки террористони наҳзатӣ дар Тоҷикистон анҷом додаанд, дар ватани Эдвард Лимон ба амал меомад, ҳатман фикру назарҳои дигареро ироа ӯ ироа медошт. Чуноне, ки дар урфият гуфтаанд, серро чӣ парвои гурусна. Аз ин ҷиҳат суханони чунин ашхосро набояд ҷиддӣ ва самимӣ қабул кард.
Асад Аҳлиддинов