АБВГД хости ташкили комиссионҳои шубҳаоварро ба гур бибаред
Созмони номафҳуми КШНГЗТ, ки шартан онро АБВГДейка меномем, хилофи имлои забони тоҷикӣ иншо шудааст ва касе намедонад ин чӣ мафҳум аст, хостори таъсиси комиссия барои таҳқиқи куштори маҳбусон дар зиндон шуд. Ин хабарро сомонаи оппозитсияи фирорӣ, ифротӣ ва зиддимиллӣ payom.net нашр кардааст.
Шахси зиндонӣ, хосатан касе ки мансуби ҳаракатҳои террористӣ мебошад ва адои ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ мегузаронад, ба ҳеч сурат умед надошта бошад, ки дар маҳбас барои ӯ шароити осоишгоҳи «Баҳористон»-ро таъмин мекунанд. Зиндон барои ислоҳи гуноҳ аст ва низоми шадид аз ин қарор аст, ки ба дарки озодӣ ва волоияти қонун бирасад. Дар ҷомеа, ин гуна ашхос ҷойгоҳ надоранд. Ин қонуни умумибашарист. Дар Бразилия моҳе пеш ошӯби зиндониён шуд, новобаста аз сару садоҳои гуногун, ошубгарон ба мукофоти амалашон расиданд. Бразилия ҳамчун аъзои БРИКС яке аз кишварҳои пешрафтаи Америкаи Лотинӣ аст. Дар ин росто, яъне зарбаи дандоншикан ба маҳбусони хатарнок иттифоқи орои ҳукумат ва оппозитсия ба вуҷуд омада буд. Оппозитсияи тоҷик чӣ? Ҷаҳолатпароканӣ ва душмантарошӣ. Кӯшиши ба таври тадриҷӣ нест кардани даватдори миллӣ, ки ин қасдашоноо ба гӯр мебаранд. Дар пайи тавтиа ва сиёҳкунии давлати миллӣ аст, оппозитсияи ҷоҳил.
Бармегардем сари зиндони Хуҷанд ва таъсиси комиссияи машкук, ки оппозитсия пешниҳод мекунад. Барои маълумоти ТТЭ ҲНИ ноэҳтиромона расонида шавад, ки аъзоёни ДОИШ, ки адои ҷазоро дар ин зиндон мегузаронанд, шуморо «карматӣ» ва «рофизӣ» садо мекунанд. Сари як хон онҳо бо шумо намешинанд, онро куфр медонанд. Кабириро «бериш» садо мекунанд. Дар хуни шумоякҳо, мухолифони берешаву бум ва сатҳинигару бесавод ташна мебошанд.
Фидоев А. сиёсатшинос.