ПАЁМ БА ҲНИ- И МАМНУЪШУДА ВА КАБИРИТАБОРҲО
Роғунеро, ки шумо афсона мепиндоштед,
Аз гумони хеш тухми кинаро мекоштед,
Ҳар куљо аз боби Роғун ҳарфи бад ангоштед,
Қасди «бори каљ ба сарманзил» расидан доштед.
Бинед акнун, парчами бахту саодат шуд баланд,
Обрӯи миллати тољику давлат шуд баланд,
То фалак оҳанги маънии сиёсат шуд баланд,
Нахли пурбору пурармони ҳақиқат шуд баланд.
Сар ба зонӯ, зонӯи андеша монеду дигар,
Каф занед аз бахту иқболе, ки бошад чорагар.
То ба кай бар қалби поки Тољикистон нештар?
То ба кай фикри хиёнатпарварӣ бошад ба сар?
Хостори нури имонед? Роғун аст нур!
Хостори бозӯи сабред? Роғун аст зӯр!
Хостгори нангу номусед? Роғун нест дур!
Хостгори ганљи ирфонед? Роғун аст пур!
Каъбаи нур аст Роғун, нур роғунмазҳаб аст,
Ояти шукронаи тољик доим дар лаб аст.
Пешвои мо чи хуш дар љодаи нурофарӣ,
Дар миёни Сарварони даҳр соҳибмактаб аст.
Шоҳрух Фаррух