Роғун-мотами Кабирии хоин
Ба ҷаҳониён маълум аст, ки Тоҷикистон санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ туй дорад, яъне кушодавии фаъолияти НОБ-и Роғун, ин рӯзи таърихиро миллати тоҷику тоҷикистониён солҳои зиёд мунтазираш буданд, акнун ин рӯзи фараҳбахш фаро мерасад ва номи миллати тоҷик ва сарвараш ҷоҳонӣ мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷи мамлакат истода ба мурдуми тоҷик санг мезаданд, ки ҳеҷ гоҳ Роғун сохта намешавад. Аммо мардум дар фазои осоиштагӣ ба ин рӯзи таърихӣ расиданд, онҳо шукронаи истиқлолият ва сарвари дурандеши давлат мекунанд.
Албатта, ин шодии мардуми кишвар ба Кабирию дигар наҳзатиҳои хоин ва хоҷагони онҳо мақбул нест, лекин ин ҳасудон дигар илоҷе надоранд ба ҷузъ дуруғу буҳтонзаданҳо бар зидди миллати худ. Сад афсӯс, ки онҳо аз миллати тоҷик ҳастанд номус надоранд ва ба хотири зиндагии хуб дар хориҷ, соҳиб шудан ба маблағҳои муфти хоҷагонашон, ба як ишораашон лабай мегӯянду ҳарчӣ супориш доданд бар зидди миллати худ раво медонад. Барои ин беномусон минбар, симо, садо ва ВАО-ро дар ихтиёр додаанд то ки онҳо ба мардуми худ санг зананд. Аслан ин наҳзатиҳо ҳадафи ободӣ ва некуаҳволии кишвару миллатро надоранд, корашон ҷуз дуруғу буҳтонҳо дигар чизе нест. Наход ин миллати асрҳо шӯҳратёр то ба ин андоза чуни ашхоси мардумозору дуруя ва чоплус ба монанди Кибириву дигар наҳзатиҳои нокасу манфур дорад.
Имрӯз мардуми кишвари азизамон аллакай дарк кардаанд, ки Кабирӣ чоплуси хоҷагони хориҷӣ буда, дар тули таърихи фаъолияти худ кори хубе ба аҳолии мамлакат накардааст, ба ҷузъ бозиҳои сиёсию ҷангу хунрезӣ. Хиёнати Кабирию ҳаммаслаконаш, ки онҳо нисбати давлату миллати Тоҷикистон кардаанд, бахшиданӣ нест. Он рӯз ҳам дур нест, ки ин Кабири ва дигар хоинони миллатро хоҷагонашон ба нестӣ расонанд, чункӣ онҳо нағз медонанд ашхосе, ки ба миллати худ хиёнат кардааст барои соҳиб гаштан ба маблағҳои пулӣ, дер ё зуд нисбати дигарон низ онро раво мебинанд. Аз рӯи мақоли халқӣ «Хас каму ҷаҳон пок».
Ҳамин нуқтаро бояд зикр кард, ки қувваи ин миллат имону виҷдон ва дӯстдории Ватани азизаш Тоҷикистон ҳаст ва ҳеҷ қувваву нерӯ дар муқобили ин миллат истодагарӣ карда наметавонад. Ҳамин ҳамбастагӣ якдигарфаҳмӣ буд, ки мо тоҷикон бо мақсади деринаи худ ба истифода додани НОБ-и Роғун расидем ва барои насли оянданамунаи ибрат мебошад ин корнамоиҳои миллати мо дар таърих сабт мегардад.
Фаррухи Фаридун, рӯзноманигори масолили сиёсӣ