Номҳои синнусолии хар ва мотами оппозитсия

.

Дар урфият, харро ки ҳайвони бериё аст ва беозор, бинобар синнусолаш ба хутик, хархутик, хари Исо ва ғайра гурӯҳбандӣ мекунанд.

Хари Исо, яке аз тимсолҳои адабиёти тоҷику форс аст.Манбаи ин тимсол аз ривояти динист дар бораи Исо ва ҳайвони савории ӯ. Ҳангоми таъкид кардани кӯшиши беҳуда дар дигаргун сохтани аслу ҷавҳари касе ё чизе ба кор меравад.  

Чунончи Саъдӣ гуфтааст:

 

 

Чун бувад асли гавҳаре қобил,

Тарбиятро дар ӯасар бошад.

Ҳеч сайқале накӯ надонад кард,

Оҳанеро ки бадгуҳар бошад.

Саг ба дарёи ҳафтгона машӯй,

Ки чу тар шуд, палидтар бошад.

Хари Исо гараш ба Макка баранд,

Чун биёяд ҳанӯз хар бошад.

 

Мувофиқи баъзе боварҳо, бояд ҳар як нафар дар хонааш наск дошта бошад. «Рӯзи охирзамон, ки хари Даҷҷол омад, гӯё, наск андаруни коса ҷастухез ва бозӣ мекардааст ва ҳуши кас ба ҳамон банда шуда, хари Даҷҷол гузашта мерафтааст. Яъне кас ба найранги Даҷҷол намеафтодааст ва дар охири дунё аз динаш берун намешудааст». Шаҳрвандони гиромӣ, ба хари Даҷҷол, узр ба хари Оппозитсия пайти муносиб надиҳед. Аз ҳамсӯӣ ва ҳамнавоӣ бо паймонаки зиддимилӣ ибо варзед.  Наск ҳам метавонед дар хона нигоҳ надоред. Гандум ҷамъ намоед. Хонаатон пури гандум.

Хартозии оппозитсия бо ба итмом расидани НБО «Роғун» ба охир расида, майнстрим ё ба иборае мавзӯи аслии интиқодии худро гум мекунад.     

 

Падруд оппозитсия!

Роғун муборак бошад!

Фирӯзи Чароғов, барқсоз