БА БАДАХШОН ОМАДӢ, ХУШ ОМАДӢ
Пас аз фурӯпошии ИҶШС саркардагони нооромиҳои солҳои 90-ум ва ҷанги бародаркӯш, яъне сарварори ТТЭ ҲНИ аз бовару эътиқодоти динии мардум истифода намуда, кишвари ободу зебо ва марудми орому осударо ба гирдоби нобудию бадбахтӣ кашиданд.
Аммо қисми зиёди сокинони Бадахшон он замон ба дурӯғу буҳтонҳо ва сафсатаю ҳарзагӯйиҳои намояндагони ТТЭ ҲНИ бовар накарданд ва аз паси ин душманону хиёнаткорон нарафтанд. Ҳарчанд кӯшиш намуданд, ки бо истифодаи тамоми роҳу воситаҳо мардуми ин минтақаи кишварро ба доми фиреби худ афтонанд, вале ноком гардиданд. Яъне, бо ибораи дигар метавон гуфт, ки Бадахшон аз хиёнати душманона, неши каждумона ва захми заҳҳоконаи террористону экстремистони наҳзатӣ эмин монд. Ин боиси хушбахтии мардуми сарбаланди Бадахшон аст, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳатто дар мушкилтарин лаҳзаҳо аз намояндагони хиёнаткори ТТЭ ҲНИ пайравӣ накарданд. Аз ин ҷост, ки ифротиёни ҷинояткори ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, то мардуми шарафманду огоҳи ин вилоятро ба гирдоби нооромию муноқишаҳо кашанд ва манфиатҳои ғаразнокашонро ба даст оранд.
Дар паҳн кардани ахбори дурӯғ ва бофтани туҳмату афсонаҳои касношунид, ки террорситону экстремистони ТТЭ ҲНИ ҳамто надоранд. Онҳо ҳамеша бо суханони бардурӯғу туҳматҳо шаъну шарафи ашхоси маъруфу муътабари кишварро паст мезананд, аз номи сокинони шаҳру навоҳии кишвар номаҳои дуруғин менависанд ва дар маҷмуъ, ба миллату давлат зарар расонданӣ мешаванд. Аз ҳар гуна хабарҳои кӯчаку ҷузъӣ овозаю дарвоза ва ҳангомаю валвала сохта, мардумро ба воҳимаю таҳлука меандозанд.
Ҳолатҳои мушкилу нофаҳмоиҳо дар ҳар давлату ҷомеае ба миён омада метавонанд. Аммо аз чунин ҳолатҳо ҳангомаю воҳима сохтану онро ба манфиати нопоки худ истифода бурдан танҳо кори душманон аст. Ин амали ноҷавонмардони кӯрдилу тангназар, ки мисолашон фаъолони ТТЭ ҲНИ мебошанд, буда метавонад.
Аслан, дар Бадахшон ҳам чун дигар манотиқи кишвар вазъият ва ҳолати мардум хуб буда, аҳолӣ дар фазои сулҳу субот ва оромӣ зиндагӣ ва кору фаъолият доранд. Дар ин ҷо низ ҳеҷ ҳолат ва вазъияти нигаронкунандае ҷой надошта, танҳо чанд нафар аз худбохтагону ноогоҳон ба ҳаёти ҷамъиятии мардум халал ворид кардан мехоҳанд. Бо ин чанд нафар наметавон ҳама сокинонони шаҳри Хоруғ ва навоҳии дигари вилоятро бадном ва гумроҳ номид ва ҳамзамон, наметавон чанд амалаки ин ноогоҳонро вазъият ва ё ҳолати даҳшатбору ваҳшатангез унвон ва арзёбӣ кард. Чун террористону экстремистони наҳзатӣ, ки худ дар иҷроиши корҳои аҳриманонаю заҳҳокона ва хиёнаткоронаю душманона пӯсту устухон надорад, ҳамаро мисли худ фикр карда, аз кӯчактарин ҳодиса як фоҷеа месозанд.
Сокинони Бадахшон ҳам мисли бошандагони дигар манотиқи ҷумҳурӣ тарафдори сиёсати созандаи Сарвари давлат ҳастанд ва дар раванди созандагию ободкорӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҳукумат ҳамеша кӯшиш менамояд ва аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебарад, то ки барои кулли сокинони кишвар, аз ҷумла Бадахшон шароити зисти арзандаро фароҳам орад. Вале он чанд нафари ҷинояткореро, ки ба даст аслиҳа гирифта, ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст мезананд, ба ҳама мардум омезиш додан даркор нест. Дар маҷмуъ аз номи кулли мардум ҳам чун ҷинояткор сухан кардан лозим нест, зеро халқи шарифи тоҷик аз азал ҳамеша зидди чунин амалҳои номатлубу ношоиста буду ҳаст. Ин гуна рафтору кирдорҳои паст хоси террористони наҳзатӣ буда, маҳз онҳоянд, ки манфиатҳои заҳҳоконаю аҳриманонаи хешро манофеи умумимиллӣ нишон дода, нашармида аз номи тамоми халқ сухан мекунанд.
Мусаллам аст, ки дар рафти нооромию нобасомониҳои солҳои 90-ум бо дастгирӣ ва кӯмаки сарварони ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо тамоми ҷинояткорону ҷиноятпешагон ба даст силоҳ гирифта, ба қатлу куштор ва ғорату озори мардум оғоз намуданд. Ҳамин аслиҳае ки дар дасти ҷинояткорони Бадахшон аст, боқимондаи яроқҳои наҳзатиҳо мебошад.
Имрӯз давлат ва ҳукумати кишвар, ки сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар тамоми кишвар таъмин кардаасту амният ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ таъмин аст, дар даст доштани силоҳу аслиҳа мумкин нест. Ҳукумати ҷумҳурӣ аслиҳаи ғайриқонуниро аз дасти гурӯҳҳои ҷинояткор мусодира мекунад. Мақомот ҳеҷ касеро маҷбур ҳам накардааст, ки аз берун силоҳ харида ба давлат бисупоранд. Ин аз ҳарзагӯию сафсатаҳои террористону экстремистони наҳзатӣ буда, ҳамагон медонанд, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.
Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар