Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малхак, охир ба ба дасти малахак

.

(Ҷавоб ба хабари дӯруғи  «Сайдулло Валиев дар Туркия озод шуд»-и  Паём.нет)

 

 

Хитоиҳо масали хубе доранд, ки ин тавр садо медиҳад: «мубориза бо ҷинояткорон бо дастпӯши мулоим номумкин аст». Ҳикмати ин мақол дар оштинопазир будан бо бемории ҷомеа, ки ҷинояткорон ба он мубтало ҳастанд, ишора мекунад.  

Сайдулло Валиев кист? Чаро ӯ боздошт шудааст? Сомонаи ифротиҳо «паём» танҳо ба домод будани ӯ бо Кузов М., (агар ин мардаки хуб мебуд, номаш кузов намебуд) аъзои раҳбарии ТЭТ ҲНИ зикр мекунад. Ҳоло он ки Валиев С. таъмингари асосии наҳзатиҳо бо қувваи чангӣ ва фиристандаи тарафдорони терорристи ин ҳизб ба Европа мебошад. Ӯ хонаеро дар Истамбул иҷора гирифта, амалан онро ба пойгоҳи интиқоли аъзоёни фирории наҳзат табдил додааст. Маълум мешавад, ки ба соддалавҳие ки ба мақомоти кишвари иқомат хос аст, ба ҳилаи шаръии наҳзат бовар карда, ин террористро раҳо кардаанд. Ҳеч гап не, имрӯз раҳо карданд, фардо ҳатман боз боздошт мекунанд. 

Хосатан вақте ки нашрияи америкоӣ ба даст доштани наҳзат дар қатли сайёҳон изҳорот медиҳад, ба наҳзатиҳои нотавонбин мефаҳмонад, ки мулк бе соҳиб нест ва амалиёти рӯзафзун ва фарогир барои боздошти наҳзатиҳо чи дар қораи Осиёву Аврупо ва чӣ дар Амрико, дар пеш аст. Наҳзатиҳо гӯш ба қимор бошед.  Ояндаи шумо тори каст.  

Вақте ин хабарро менавиштем, иттилоъ расид, ки дар Россия Наимҷон Самиев, яке аз фаъолони ТЭТ ҲНИ-ро дастгир карданд. Кори давлатдорӣ ба яку ду рӯз ба охир намерасад. Боздоштҳои ҷинояткорон идома дорад.   

Охири солҳои 80-уми асри 20, интеллигентсияи ҳушёр ва бедори кишварҳои пасошӯравӣ, дар сатҳи минтақа ва чаҳон барои  ёфтани роҳҳали буҳронҳои иқтисодӣ, стратегӣ ва ҳарбӣ ҷонканӣ мекарданд. Дар назди роҳбарияти вақти Шуравӣ масъалагузорӣ менамуданд, имтиёз металабиданд. Акнун, таззоди мантиқро бинед:  Оппозитсияи домулломеҳвари ҶТ ба зиддиятҳои миллӣ ва маҳаллӣ доман мезаданд, вазъиятро ба нооромӣ меоварданд ва артише ки бо тамоми абзораш бо ду дасти адаб бояд дар ихтиёри ҶТ қарор мегирифт, як унсури нодаркор барои давлат медонистанд.

Мо насли имрӯз ҳарчанд аз дини бобоии худ пайравӣ мекунем, уқдаи касбӣ ба муллоҳои сиёсатзада дорем. Намегузорем, ки дигар ин тоифа маҷол ёбанд то Ватанро дубора хароб кунанд. Овози дуҳул аз дур хуш аст. Бигзор дар куҷое мегарданд, гарданд, мо онҳоро пайдо ва ба панҷаи қонун месупорем.

 

 

Сарбадори Меҳандӯст, таҳлилгар