Кабирӣ хостори нооромӣ дар Тоҷикистон аст

.

Интернет яке аз падидаҳои ҷаҳони муосир аст, ки дар натиҷаи тараққиёти илму техника рӯйи кор омада, дар зиндагиву рӯзгори инсоният таҳаввулоти бузургеро ба амал овард. Зуҳуроти интернет ва бештар дастрасӣ пайдо кардани ҷавононро ба он эҳсос карда гурӯҳҳои тундгаро зуд даст ба кор шуданд. Мағзшӯи, ташвиқоту тарғиботи ақидаҳои дуруғини динӣ ва паҳн сохтани наворҳо бо даъват ба ҷиҳод ҷавонони зиёдеро аз саросари дунё, аз ҷумла аз Тоҷикистони мо низ гумроҳ намуда, онҳоро гурӯҳҳои ифротгаро ҳамчун яроқ барои амалӣ намудани мақсаду мароми нопоки худ истифода мебурданд. Ин ҳол тамоми мардуми  рушанфикри тоҷикро, ки оқибати ба ин роҳ рафтани ҷавононро хуб дарк мекарданд, ба шӯр овард ва онҳо бо овардани далелҳои рушану возеҳ ҷавононро аз мақсадҳои ниҳоии гурӯҳҳои ифротгаро огоҳ сохта, муваффақ бар он шуданд, ки пеши роҳи гаравиши ҷавонони тоҷик ба ин қабил созмону ташкилот гирифта шавад.

Иштироки як гурӯҳ ҷавонони раҳгумзадаи тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқу Шом, пайвастани онҳо ба давлати ба ном исломӣ, бадтар аз он аз сари беандешагиву нодонӣ ба он вартаи марг бурдани занону кӯдакони худ, куштаю бедарак шудани қисми зиёди ҷавонон ва бе пушту паноҳ мондану ба азобу уқубати зиёд гирифтор шудани занону кӯдаконашон аз бузургтарин хиёнати ТТЭ ҲНИ буд, ки ба халқи тоҷик расонида шуд. Ҳарчанд саркардагони ин ҳизби террористӣ бо роҳбарии Кабирии хоину ватанфурӯш ҳамдастии худу аъзоёнашонро дар ин қазия мутлақо рад мекунанд, (бигзор) вале онҳоро мебоист, ки (чун он замон худро пушту паноҳи дини мубини ислом мешумурданду аз номи дину имондорӣ ҳарф мезаданд) бо овардани далелу санадҳои муътамад ҷавононро аз гумроҳӣ ва даст задан ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ огоҳ созанд. Аммо чун амнияту осудагии ҳар хонаводаи тоҷик барои онҳо бефарқ буд, баръакс ин равандро ҳамчун «ноуҳдабароӣ»-и мақомоти дахлдори кишвар маънидод намуда, мехостанд норозигии ҷомеаи Тоҷикистонро нисбат ба ҳукумати конститутсионӣ ба вуҷуд биёранд. Маҳз ҳамин хиёнати нобахшиданӣ ва дигар иғвогариву фурсатталабии саркардагону пайравони ТТЭ ҲНИ буд, ки оқибат дарбадару хонабардӯшашон кард.

Аммо мутаассифона думбардорӣ ва лабайкгӯӣ, ки онҳо акнун ба манфиатбарони хориҷӣ мекунанд, барои онҳо дарси ибрат нашуд. Акнун Кабирии дарунсиёҳ дар ҳамдастӣ бо як гурӯҳ афроди «ватандору ватанхоҳ» дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, ҳануз ҳам даст аз риёкорию дурӯягӣ накашида, ҳамоно бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханони пучу бепоя мефиристанд.

Имрӯзҳо дар фазои интернетии ҷаҳон якчанд сайтҳое амал мекунанд, ки ба минбари аъзоёну пайравони ТТЭ ҲНИ табдил ёфта, ҳамарӯза бо дасисабозиҳои нав ба нав талоши ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон доранд. Воқеаи пуровозаи баТоҷикистон «оварда шудани» Шарофиддин Гадоев ва «бо дахолати созмонҳои байналхалқӣ ба Аврупо баргардонидани ӯ» аз саҳнаҳои хуб бозидаи (бояд ба ҳунари актёрии онҳо қоил шуд) онҳост. Ин кирдори ноҷавонмардона ва маккории рубоҳона бори дигар симои аслии ташкилкунандагон ва ҳадафи асосии онҳоро намоиш дод. Дигарбора ҳайсияти ин афроди манфур барои мо рушан гардид. Ин  аст, ки мо ҷавонон дар қатори тамоми мардуми ватандӯсти тоҷик амалҳои ноҷавонмардонаи онҳоро сахт маҳкум намуда, бори дигар огоҳашон месозем, ки охири роҳи интихобнамудаи онҳо беватанӣ ва ғарибиву дарбадарист. Кабирӣ, Ш. Гадоев, А. Шерзамонов, В. Завқӣ ва ҳар кадоме аз пайравони онҳо! Ин муроҷиат ба шумост. Рӯзе кор ба охир хоҳад расид. Он гоҳ хоҳед донист, ки хиёнат ба ватану миллат яъне чӣ. Дар мизони таърих дар назди миллати тоҷик чун хиёнаткору ватанфурӯш сабт хоҳед шуд. 

 

                                 

 

Ҷ. Одинаев,

мудири бахши кор бо ҷавонон

ва варзиши шаҳри Левакант