Ду дурўғи таъсисии ТЭТ ҲНИ: ё чи гуна наҳзатиён барои худ таърих ва ҳувият мебофанд

.

Решаҳои хориҷи, моҳияти воридоти ва таъйиноти геополитикии ТЭТ ҲНИ барои ҳамаи муҳаққиқон ошно буда, баҳсҳои илмию таърихи дар ин бора кайҳо поён ёфтаанд. Аммо худи роҳбарияти ин ташкилот барои пинҳон доштани ҳақиқати таърихи дар масъалаи раванди таъсисёби ва заминаҳои сиёсию идеологии ташкилшавии ҳизбашон ҳамеша аз ривояту дуруғҳои бофта истифода менамоянд.

Гарчи тамоми фаъолияти ин ташкилот саршор аз дуруғ аст, аммо дар ин бахш ду “дуруғи таъсиси”-и ТЭТ ҲНИ пешкаш мешаванд, ки ошнои бо онҳо моҳияти дуруғини ин ташкилотро бори дигар собит менамояд:

         

Дурўғи якуми таъсисии ТЭТ ҲНИ:

ТЭТ ҲНИ ҳамеша иддаъо кардааст, ки ин ҳизб ҳанўз дар соли 1973 таъсис ёфта, собиқаи 40-50 сола дорад. Аз ин рў, онҳо барои ҷалби оммаи мардум ҷашнҳои таблиғотии 30, 35, 40-солагии  ҳизбро баргузор намуда, чунин вонамуд месохтанд, ки гўё ин ташкилот ҳанўз дар қаъри Иттиҳоди Шўрави ҳамчун як созмон таъсис ёфта, дар он давра фаъолият намудааст. Тибқи навиштаи асосгузори ҲНИ С.А.Нури, ҷаласаи таъсисии ин ҳизб ҳанўз 20-уми апрели соли 1973 доир гаштааст, ки дар он Қори Муҳаммадҷон Ғуфронов, Мулло Неъматулло Эшонзода, Одинабек Абдусаломов, Қаландар Садриддинов ва худи С.А.Нури иштирок доштаанд. Ў илова мекунад, ки маҳз дар ҳамин нишаст, ки дар ноҳияи Бохтар ва дар хонаи Қаландар Садриддинов доир шуд, дар бораи таъсиси ташкилоти «Наҳзати исломии ҷавонони Тоҷикистон» қарор қабул гашт.  

Аммо муҳаққиқи шинохтаи ин мавзўъ, доктори илмҳои сиёси Д.Назиров пас аз омўзиши дақиқи ин масъала пурра исбот намудааст, ки ин иддао дар бораи гўё дар ин вақт ва бо иштироки шахсони зикршуда доир шудани чунин ҷаласа, умуман ҳақиқат надошта, бо сабаби дар ҳамон вақт дар ҳудуди Тоҷикистон қарор надоштани баъзе аз ин шахсон, иштироки онҳо дар чунин ҷаласа умуман имконпазир набудааст. Доктор Д.Назиров, аз ҷумла чунин меорад, ки сокини ноҳияи Вахши вилояти Қурғонтеппаи онрўза Эшонзода Неъматулло, соли таваллудаш 1949, рўзи 25-уми марти соли 2010 дар суҳбат бо муаллиф изҳор доштааст, ки ў аз соли 1971 ба сафи Артиши Шўрави даъват шуда, танҳо охири моҳи майи соли 1973 ба Тоҷикистон баргаштааст. Бинобар ин, ў дар рўзи 20-уми апрели соли 1973 дар Тоҷикистон набуда, дар чунин ҷаласае дар Қурғонтеппа иштирок дошта наметавонист.

Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки “иштирокчи”-и дигари ин ҷаласа Абдусаломов Одинабек, соли таваллудаш 1954, низ моҳи ноябри соли 1972 ба сафи Артиши Шурави даъват шуда, танҳо моҳи октябри соли 1974 ба Тоҷикистон баргаштааст. Бинобар ин, ў низ умуман наметавонист иштирокчии ин ҷаласа бошад.

«Иштирокчи»-и сеюми «ҷаласаи таъсиси» Қори Муҳаммадҷон Ғуфронов, таваллудаш 1954, пас аз тира шудани муносибатҳояш бо С.А.Нури дар Афғонистон баргузории чунин «ҷаласаи таъсисии ҲНИТ»-ро пурра инкор карда, изҳор доштааст, ки ў аз моҳи ноябри соли 1972 то соли 1978 дар ҳудуди шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ўзбекистон таҳсили ғайрирасмии дини гирифта, дар ин муддат аз тарси ҷалб нашудан ба хизмати ҳарби ягон бор ба Тоҷикистон наомадааст. Бинобар ин, ў низ наметавонист иштирокчии ин «маҷлиси таъсисии наҳзат» бошад.

Ҳамин тавр, ин фактҳои дақиқи таърихи, ки бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда муқоиса шудаанд, нишон медиҳанд, ки баргузор шудани чунин ҷаласа дар таърихи 20-уми апрели соли 1973 бо иштироки чунин шахсон умуман аз имконият берун будааст. Бинобар ин, бофтани ривоят дар бораи баргузории «ҷаласаи таъсисии наҳзат» дар соли 1973 як кўшиши роҳбарони наҳзати барои тўлони нишон додани таърихи фаъолияти худ буда, ягон асоси воқеи надорад. Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки фаъолияти ин ташкилот аз оғоз бо дурўғу фиреб бунёд шуда, ҳатто дар масъалаи таърихи таъсиси худ талош доранд, ки ба чашми ҷомеа ва таърих хок пошанд.

Бинобар ин, гарчи бо ҳидояту дастгирии эмиссарҳои хориҷи фаъолияти пинҳонию таблиғотию таълимии наҳзатиён ҳанўз дар солҳои 80-ум оғоз шудааст, аммо онҳо фақат дар солҳои 90-ум ва пас аз таъсис ёфтани Ҳизби исломии Иттиҳоди Шўрави ба масъалаи таъсиси ҳизби сиёси расида, анҷумани таъсисии худро 6-уми октябри соли 1990 дар деҳаи Чортути ноҳияи Рудаки баргузор карданд.

 

Дурўғи дуюми таъсисии ҲНИ:

Дар солҳои пас аз имзои Созишномаи сулҳ, роҳбарони ТЭТ ҲНИ ҳамеша кўшиш менамуданд, ки худро як созмони дорои решаҳои милли номида, онро як ҳизби “худҷўш”, “дохили” ва “тоҷики” нишон диҳанд. С.А.Нури дар ин масъала, аз ҷумла мегўяд: “Ҳангоми таъсис додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо аз касе чизеро тақлид накардем, ягон гуна таъсири ақидаҳои хориҷи ва хусусан, аз кишварҳои Ховари Миёна дар мо набуд. Ҳаракати мо сирфан дохили, худҷўш ва мардуми буд...” Аммо ин суханон ягон воқеият надоранд.

Зеро тарзи тафаккур, идеяҳои асоси ва худи сохтори ТЭТ ҲНИТ маҳз дар натиҷаи ба Тоҷикистон ворид шудани афкори бегонаи ваҳҳобию ихвони ва баъдан, дар натиҷаи зери таъсири маслиҳату роҳбарии доираҳои махсуси хориҷи қарор гирифтани ин ҳизб шакл гирифтааст. Ҳанўз дар солҳои аввали пайдоиши ин раванд, фаъолони наҳзати зери таъсири ақидаҳои сиёсии пешвоёни бунёдгароии исломии байналмилали ҳамчун Ҳасан-ал-Банно, Сайид Қутб, Муҳаммад Қутб, Абу Аълои Мавдуди ва ғайраҳо қарор гирифта, кўр-кўрона аз афкори онҳо пайрави менамуданд. Чунин китобҳо дар он вақт ба воситаи донишҷўён ва баъзе хизматчиёни давлати, ки ба кишварҳои араби сафар мекарданд, вориди Иттиҳоди Шўрави мегаштанд. Пас аз озодтар шудани сафар ба ҳудуди Иттиҳоди Шўрви фаъолияти мубаллиғони хориҷии афкори ифротгарои дар Осиёи Маркази ҷиддитар шуд. Онҳо акнун на танҳо ба воридоти адабиёти таблиғоти, балки ба ворид кардани маблағҳои муайяне барои дастгирии ин равия оғоз намуданд.

Аз ҷумла, яке аз бунёдгузорони ҳизби наҳзат Қори Муҳаммадҷон Ғуфронов ҳангоми бозгашт аз таҳсили худ дар шаҳри Андиҷони Узбекистон аз тарафи мақомоти дахлдори давлати бо беш аз 200 китоби динию идеологи дастгир шуда буд, ки дар байни онҳо осори муаллифони ҳаракатҳои ихвонию ваҳҳоби ҷой доштанд.

Ҳолати дигари робитаи наҳзатиён бо ҷосусони ихвони ҳанўз дар ҳамон солҳои Шўрави ошкор ва пешгири шуда буд. Яке аз фаъолони наҳзати, сокини деҳаи Себистони ноҳияи Данғара Мулло Аҷик (Алиев) бо донишҷўёни хориҷи аз кишварҳои араби дар алоқа шуда, дар ҳамкори бо як нафар донишҷўи ихвони аз кишвари Судон бо номи Зубайд Содис мехостанд ба наҳзатиён барои нашри китобҳои идеологию дини як чопхонаи хурд (дастгоҳи типографи) бо алифбои араби дастрас намоянд. Пас аз ошкор шудани ин нақша, бо мактуби эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шўрави ба сафорати Судон, ин донишҷў аз донишгоҳ ва умуман, аз ҳудуди Иттиҳоди Шурави хориҷ карда шуд. Тавре нишон дода шуд, дар ташаккули ҷаҳонбинии наҳзатиён ҳамчунин, тақлиду пайрави аз роҳбарони инқилоби исломии Эрон ва муҷоҳидини Афғонистон низ нақши ҷидди гузошта буд.  

Масалан, солҳои 1990 аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон шаҳрванди Тоҷикистон Абдулҳамид Давлатов (бародари раиси собиқи ҲНИ Муҳаммадшариф Ҳимматзода) ва инчунин шаҳрвандони Афғонистон - Абдураҳим валади Хоркаш, Давлатмад валади Рустам ва якчанд пайравони ҳизби наҳзат аз минтақаи Кӯлоб дастгир гардиданд. Аз рӯи гуфтаи марзшиканон, онҳо аз мақомоти ҷосусии онвақтаи Покистон ва Ҳизби исломии Афғонистон супориш гирифта буданд, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардида, бо роҳи пинҳонкорӣ бо наҳзатиёни тоҷик ҳамкори карда, гурӯҳҳои террористиву тахрибкор созмон дода, амалҳои душманонаро на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Миёна анҷом диҳанд. Номбурдаҳо баъди пурра тасдиқ гардидани гуноҳашон аз тарафи мақомоти судӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ҳамин тавр, даъвоҳои наҳзатиён дар бораи моҳияти худҷўш ва  маҳаллию тоҷики доштани ин ташклот ягон асоси воқеи надошта, ТЭТ ҲНИ як ташкилоти воридоти ва маҳсули раванди геополитикии хеле фаротар аз Тоҷикистон аст. Моҳияти муздури ва дастнишондагии хориҷи доштани ин ташкилоти ифротгаро дар бобҳои баъдии рисола ба таври бисёр муфассал ва ҳуҷҷати нишон дода мешавад. 

Ҳамин тавр, ин чанд мисоли мушаххас ва даҳҳо мисолу ҳолати дигар нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ дар масъалаи  муаррифии ҳувияти худ бо як навъ мушкили зеҳни ё комплекси равони рўбарў мебошанд. Зеро онҳо худашон ҳеҷ гуна решаи дохили надоштан, ягон пояи миллию мардуми надоштан, пурра воридоти будан ва дастнишондаи хадамоти махсуси кишварҳои хориҷи будани ақидаи наҳзати ва ҳизби наҳзати исломиро хуб медонанд. Бинобар ин, онҳо бегонагии комили худро бо фарҳанг, ҷомеа, арзишҳо ва манфиатҳои Тоҷикистон эҳсос карда, барои рўпўш сохтани ин ҳолат кўшиш мекунанд, ки худро ба муҳит, арзишҳо, муқаддасот ва мардуми Тоҷикистон нисбат диҳанд. Аммо чун аксаран бесаводу аз таъриху фарҳанги миллат бехабаранд, ин кўшишҳои бисёр ноуҳдабароёна ҳар лаҳза дуруғ будани даъвоҳои онҳоро нишон медиҳад.

 

Саидхоҷа Акбаров,

собиқадори раванди оштии милли,

узви зергурўҳи кории Комиссияи оштии милли

 оид ба шомил намудани нерўҳои мухолифин

 ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳи ҶТ

Источник - ЦентрАзия
Постоянный адрес статьи - https://centrasia.org/newsA.php?st=1567790700