Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... Ҷавоб ба ruzinew.blogspot.com
Сомонаи ruzinew.blogspot.com бо нашри як мақола, ки он “Шахспарастӣ дар Тоҷикистон аз куҷо сарчашма гирифт ва то кай идома меёбад?” кӣ будан ва чӣ мақсад доштани худро ифшо намудааст. Ба рости ҷомеа дар ягон давру замон аз одамони бадгӯ, бадбин ва иғвогар холӣ набуд.
Соли 2020 дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, интихоботи парлумонӣ ва президентӣ баргузор мешаванд. Яке аз сабабҳое, ки дар кишварамон ҳаргуна хабару садоҳо аз ҳар куҷоҳо баромада истодаанд, маҳз ана ҳамин чорабиниҳои сиёсист. Муаллифи сомонаи болозикр талош намуда, заҳмат кашида чанд саҳфаеро сиёҳу сафед намудааст. Аз шахсиятҳои таърихӣ ба монанди В.И.Ленин ва И.В.Сталин, ки дар таърих ба неки ёд мешаванд, ёдовар шуда, онҳоро низ аз фикри хоми худ гузаронидааст. Инҳо нафароне буданд, ки қаҳрамонҳои майдонҳои набард, бо номи онҳо худро зери тонки фашистони истилогар мепартофтанд ва ё тани худро дар дами тири душман сипар менамуданд. Душман тоқати шунидани ин номҳоро надоштанд. Айни замон душманони Тоҷикистон ва миллати тоҷик бо шунидани номи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хобу фароғат ва аз хӯрдану нӯшидан мемонанд. Табийист, ки ҳадафи муаллифи иғвогар низ маҳз Президенти кишварамон Э. Раҳмон мебошад. Гӯё муаллифро як эълон аз шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук оид ба эълони курси омӯзишии Ҷавонон пайрави Пешвои миллат маҷбур ба навиштани чанд сатри бадбӯ ба шаъни Президентамон ва аҳли оилаи эшон намудааст.
Аммо ӯ фаромӯш намудааст, ки халқ, миллат, қаҳрамонони худро доранд ва барои онҳо агар даркор шавад, ҷонфидоӣ мекунанд. Номҳое, ки бо он Президенти кишварамон ёд мешавад ба ӯ арзанда аст, зеро онро халқ номгӯзорӣ намудааст, ки он шаҳодат аз маҳбуб будани эшон аст.
Душманони миллати тоҷик аз қадим як фикр ва як мақсад доштанд. Яъне бо ҳар роҳу восита сарнагун намудани сохти давлатдории тоҷикон аст. Мутаассифона дар гузашта ба онҳо муяссар ҳам шудааст, ки собиқ роҳбарони кишварамон Қ. Маҳкамов ва Р. Набиевро маҷбур намоянд то онҳо аз вазифа даст кашанд. Акнун онҳо дар пайи сарнагун намудани ҳукумати кунунӣ ва роҳбари он мебошанд. Бинобар ҳамин ҳам ҳар иқдом ва ҳар ташаббусе, ки аз ҷониби Сарвари давлатамон сурат мегирад, барои душманони миллат ғайриқабул мебошад. Дар ин амалҳо онҳо нишонаҳои шахспарастиро мебинанд. Ибораҳои Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, ки ба Президентамон мансуб дониста мешавад, талхаи душманонро кафонидааст. Дар ҳақиқат арзанда ҳаст. Ин шахсиятпарастӣ нест, балки ҳақиқат аст ва аз қалб омадааст. Ҳар касе ношукри аз роҳбарии Э. Раҳмонро дорад, душман аст. Ҳар як кор, амалу гуфтор андоза дорад. Барои чӣ муаллиф дар туҳматноми дуру дарозу дуруғини худ як бор ҳам аз хизматҳои Э. Раҳмон, Президенти кишварамон ёдовар нашудааст. Бовар ҳаст, ки ӯ низ хуб медонад, ин хизматҳоро, аммо супориш чунин будааст, ки ӯ навиштааст.
Сафо Каримзод, омӯзгор аз шаҳри Душанбе