Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия яке аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) 

Шовализода Ҳизбулло Абдулло, соли таваллудаш 1991, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 307(3) қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) ва 305 қисми 1 (хиёнат ба давлат) КҶ ҶТ пешбинишуда дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар ҳудуди ин кишвар дастгир гардида, 05-уми марти соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод карда шуд.

  Тибқи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, номбурда соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш ба ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ҷалб шуда, бо мақсади минбаъд содир намудани актҳои террористӣ, ноором гардонидани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2019 дар марказҳои террористии кишвари муайяни хориҷӣ омодагии махсуси террористӣ-тахрибӣ гирифтааст.

  Зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати аъзои дар давоми солҳои 2016-2019 дастгиршудаи ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ Кузов А.К., Забичоев Н.М., Ризвонов А.Р., Исмоилов Д.Д., Наврӯзов М.С. ва дигарон далелҳои муътамади даст доштани Шовализода Ҳ.А. ба ҷиноятҳои болозикр дастрас гардидаанд.

  Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи номбаршудагон дар пойгоҳҳои махсуси хориҷи кишвар омодагии ҷангиву диверсионӣ гирифта, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, қасди анҷом додани амалҳои террористӣ доштанд.

  Лозим ба ёдоварист, ки бо мусоидати мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Шовализода Ҳ.А. чорумин аъзои гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид. Қаблан шаҳрвандони ҶТ Шералӣ Лоиқӣ, Ҳаётов Мустафо Раҳматшоевич ва Зуҳуров Комрон Хайрович, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта аз таъқиби ҷиноятӣ дар Аврупо паноҳ мебурданд, дастгир ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супорида шудаанд.

  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз густариши равобити мутақобилан судманди мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории хешро ба онҳо барои ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ баён менамояд.      

 Тафтиши пешакӣ нисбати Шовализода Ҳ.А. идома дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ

 http://www.prokuratura.tj/news-tj/1091-alasai-ayati-mushovara-dar-prokuraturai-general-357.html