Изат Амон ба қаллобӣ гумонбар аст

.

Возможно, это изображение (2 человека и текст)

Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбати шаҳрванд Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда мегирад.
Холов И.А. дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон корро анҷом надодааст. Ҳамзамон, ба ӯ ягон хел кумаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст.
Холов И.А. маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов Б. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Мувофиқи нишондоди Шарипов Бобоҷон - Холов И.А. ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулиро гирифта, аз худ намудааст.
Аз ин лиҳоз, аз нафароне, ки дучори фиребу қаллобии Холов И.А. гардидаанд, хоҳиш менамоем, ки дар ин хусус ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Ҳангоми мусодираи молу амволи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаи Холов И.А. зарари ба ҷабрдидагон расонидашуда ба инобат гирифта мешавад. Телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21.
Барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ номбурда дар ҷустуҷўи расми қарор дорад.