Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медихад
Ба ҳолати 10:00-и 17 сентябри соли 2022, вазъият дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чунончӣ, аз самти маҳаллаҳои Самарқандак ва Коктоши ноҳияи Боткен ҷониби мавзеъҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз силоҳҳои гурӯҳӣ тирпарронӣ сурат мегирад.
Ҳамзамон бо ин, ҷобаҷокунии қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар хати сарҳад ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои ҷангӣ мушоҳида мегардад, ки аз омодагӣ ба амалҳои навбатии иғвоангезонаи низомиёни қирғиз ҷиҳати ноором кардани вазъият шаҳодат медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори барқарор намудани амну субот дар марзи ду кишвари ҳамҷавор буда, тамоми талошҳоро барои баргузор намудани гуфтушунидҳо ва ҳал намудани муноқиша бо роҳҳои дипломатӣ равона намудааст.