Озмуни «Мураббии сол»

.

Рӯзи 01.05.2019 дар муассисаи давлатии  таҳсилоти томактабии №3 бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа байни муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабии шаҳр озмуни «Мураббии сол» баргузор гардид.

 Довталабон аз рӯи ҳафт шарт қувваозмоӣ намуданд. Ғолиби озмуни мазкур Акбарова Зебуниссо - мураббияи муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №2 дониста шуд. Дар ҷамъбаст иштирокчиён бо ифтихорномаҳои бахши маориф қадрдонӣ карда шуданд.