Баргардонидани кудакон ба Ватан шодди ва боиси хурсандии ҳар як фарди бо нангу номуси миллат аст!

.

Хабари бо супоришу дастурҳои махсуси Роҳбарияти Олии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шудани 84-нафар кӯдакони ноболиғи тоҷик, ки волидайни онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок доштанд, боиси ифтихору руҳбаландии мо гардид. Зеро тавассути ин иқдоми хирадмандонаи Пешвои худ бори дигар исбот гардид, ки мо дар ҳақиқат миллати инсондӯсту  муттаҳид ҳастем ва нангу номуси миллӣ дорем. Чуноне дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ дарҷ шудааст, ин ягона ҳодисаест, ки ба вуқуъ пайвастааст, ҳарчанд кӯдакони давлатҳои гуногун дар мавзеъҳои нигаҳдории ноболиғон дар ин сарзамин қарор доранд.

 «ЯГОН КӮДАКИ МО ДАР САРЗАМИНИ БЕГОНА ПАРТОФТА НАХОҲАД ШУД». Суханонеанд, ки аз забони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли ин қазия садо дода, бозгӯи сиёсати инсонпарваронаи Президенти кишвари мост. Ин суханон нишонаи онанд, ки ин фарзонафарзанди миллат ба тақдири ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бепарво нест ва амнияту осоиштагии ҳар кадоми онро қарзи имонию виҷдонии худ медонад. Маҳз ҳамин хусусиятҳои хос ва бесобиқаи Пешвои маҳбуби мост, ки ӯро ҳамин гуна, яъне бо номи ПЕШВОИ МАҲБУБ дар дилу дидаи мардум ҷой намудааст.

Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши муқовимат бо зуҳуроти терроризму экстремизм қарор дошта, дар муқобилат бо ин амали номатлуб иттиҳоду ҳамдилии тамоми давлатҳои рӯйи ҷаҳонро амри зарурӣ мешуморад. Дар робита ба ин Роҳбари давлати мо аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид қайд карда буданд, ки «Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Бо ин гуфтаҳо иртибот додани ин амали хунборро ба дини мубини ислом  комилан нодуруст хонда, ҷомеаи ҷаҳониро барои муборизаи дастаҷамъона ба зидди он даъват намуд. Бо ин суханон мехоҳам қайд намоям, ки Сарвари давлати мо шахсест, ки на танҳо осоиштагию оромии мо-тоҷикон, балки амнияти ҳамаи миллатҳоро хоҳон аст.

Мо аз доштани чунин Роҳбар, чунин Сарвар ва чунин Пешво фахр мекунем ва мегӯем: Зиҳи! Зиҳи! Зиҳи! 

Ватанзода Сайҷафар, раиси Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант