Дар пешрафти Ватан саҳмгузорем!
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оиди дар амал татбик намудани Аксияи хизби тахти унвони «Якчоя хал мекунем» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Навобод бо сахми фаълон, аъзо ва чонибдорони ХХДТ ба ҳашари умуми баромада як қисмати роҳҳои дохили деҳа сангфарш ва паҳнои роҳ васеъ карда шуд.
Масъулин зимни суҳбат бо аҳолӣ иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгӯзори сӯлҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, воқеан ҳамчун равшаннамоест, ки ҳар як сокини кишваро ба меҳнати содиқона ва ба нерӯйи бузургу арзандаву ободкорона раҳнамун месозад.
Қайд намуданд, ки агар ба ҳар як кор камари ҳиммат баста, аз як гиребон сар барорем ва дар пешрафти Ватан саҳм гузорем, вазифаи фарзандии худро дар назди ватану давлат адо менамоем.
Ҳамзамон сафарбар кардани сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи босамар, сарфаву сариштакории нерӯи барқ дар байни аҳоли ва ғайра бо истифода аз мисолҳои ҳаётӣ тавсияҳои асосноку муфид доданд, ки ба иштирокчиён рӯҳияи баланди маънавӣ бахшид.