Ҷавонон сипари боэътимоди миллат!
ТҶҶ «Созандагони ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар ҶБВ ва бахшида ба рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Валантиёрон дар толори Кумита хониши сиёси доир гардонида шуд.
Дар вохӯри мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Суҳроб Валиев ва роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Гуландом Ризомова иштирок ва суханрони намудан, қайд намуданд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд.
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз-ахлоқи ҷавонон, ба ҷиноят даст задани ноболиғон, шомил гардидани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрави ифротгаро ва зуҳуроти экстремизму тероризм мебошад.
Имрӯзҳо Пешвои миллат пайваста таъкид месозад, ки ҳушёрии зиракиро аз даст надиҳем, пайваста дар тарбияи насли наврас, ҷавонон саҳмгузор буда ба роҳи рост роҳандозӣ намоем то ки ягон фарди бадхоҳ натавонад фарзандони моро ба роҳи бад роҳандози намояд ба гурӯҳҳо ифротӣ шомил кунанд. Ҳамзамон қайд карданд, ки аксари толибилмон телефонҳои мобилиро истифода менамоянд, маҳз ҳамин сабаб мешавад, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, иртиҷоию тундгароӣ бештар шомил мешаванд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар байни ноболиғону ҷавонон ин амалҳои номатлуб мушоҳида карда мешаванд.
Аз ин рӯ падару модаронро зарур аст, ки робитаро бо муассисаи таълимӣ пурзӯр намояд ва аз аҳволи фарзандон бохабар бошанд, то ки ба амалҳои номатлуб даст назананд.