Поси хотираи неки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

.

2-юми май дар муассисаи таълимии №8-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрии аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо хонандагони синфҳои болоии ин муассиса доир гардид.

 Ба гуфти Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ин вохӯриҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри поси хотираи неки иштирокчиёни Ҷангу Бузурги Ватанӣ ва қаҳрамониву ҷонбозиҳои онҳо дар ҳифзи марзу буми ватан роҳандозӣ шудааст.

- Зиндагинома ва қаҳрамониҳои ин абармардон ва рӯзгори дар ақибгоҳ басарбурдаи халқи тоҷик нишонаи олии ватандӯстиву инсонпарварист, ки барои тарбияи насли наврас ва ҷавони мо дар ин росто нақши муҳим дорад,-гуфа шуд зимни суҳбат.