Худшиносии ҷавонон гарави амнияту осоиштагии мамлакат
Рӯзи 2-юми май дар муассисаи таълимии №14 бо иштироки Фароғат Назарова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита, Ниёзалӣ Ашуров, директори муассисаи таълимии мазкур ва як гурӯҳ хонандагони фаъолу боистеъдоди он мизи мудаввар таҳти унвони “Терроризм ва муқовимати Тоҷикистон ба муқобили он” доир гардид.
Қайд гардид, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамешагӣ ба ҷавонон ва ҳаёту фаъолияти онҳо ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷамъият диққати махсус зоҳир гардид ва ҳисси баланди худшиносиву огоҳии миллӣ доштани ҷавонон гарави амнияту осоиш ва пешрафти ҷомеа дониста шуд.
Ба гуфти Нуринисо Ибодуллоева ин чорабинӣ бо мақсади огоҳ сохтани ҷавонон аз мақсаду мароми гурӯҳҳои тундгаро, доман паҳн кардани он дар тамоми ҷаҳон ва барои амалӣ гардидани ҳадафу ниятҳои нопоки мамлакатҳои абарқудрат истифода шудан ва аз ҷониби ин мамлакатҳо дастгирӣ ёфтану маблағгузорӣ шудани онҳо ба роҳ монда шудааст.
-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост, ки талош дорад то диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи мубрам ҷалб намояд ва муттаҳид будани тамоми давлатҳоро дар муқобили терроризму экстремизм яке аз роҳҳои решакан сохтани он медонад. Ба ватан баргаштану авф шудани ҷавонони пушаймоншуда ва баргардонидани кӯдакони нафарони дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштироккарда намунаи олии сиёсати инсонпаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Иштирокчиёни мизи мудаввар ҳар кадом андешаҳои худро вобаста ба ин мавзуъ иброз дошта, қайд менамуданд, ки дар мубориза бо ин вабои аср бо дастовардҳои нек дар роҳи илмомӯзӣ, муҳофизати марзу буми кишвар, дӯст доштани муқаддасоти он, эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанхоҳии худ муқобилат хоҳанд кард.