Барномаи консертии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант

.

Рӯзи 2.05.2019 дар толори қасри фарҳанги шаҳри Левакант консерти Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардорони мақомоти қудратӣ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинон ва меҳмонон аз ноҳияи Кӯшониён иштирок намуданд.

Барномаи консертии омоданамудаи Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси болидагии табъи тамошобинон гардид.