«Мо тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоем!»
4 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳамкорӣ бо маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши маориф, КИ ҲХДТ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 13 ва 6 - и ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо хонандагони синфҳои ибтидои вохӯри доир гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур дуруст ба роҳ мондани гигиенаи шахсӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити таҳсил ва интихоби тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шуд.
Кӯдакон низ дар навбати худ намоиши саҳначаҳо ва донишу малакаи худро намоиш доданд.
Дар охир ба иштирокчиён зиёда аз 200 буклетҳо, брашураҳо дастрас гардид. Инчунин аз тарафи ташкилоти хайриявӣ ва масъулини чорабинӣ 160 адад туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо супорида шуд.