Ҷиҳати пешгирии бемории (ВНМО/БПНМ) масъулон талош меварзанд.

.

Рӯзи 7 майи соли ҷорӣ баҳри пешгирӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) аз ҷониби масъулини Муассисаи давлатии маркази  пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам дар муассисаҳои таълимии №№2,3 байни хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 78 нафар иштирок намуданд.

 Дар охир аз тарафи масъулин ба иштирокчиён 85 буклетҳо, брашураҳо дастрас гардид.