Фарҳанги истифодабарии шабакаи Интернет

.

 Рӯзи  07.05.2019 бо ибтикори маркази  технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант семинар машварати доимамалкунандаи омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ дар мавзӯи «Фарҳанги истифодабарии шабакаи Интернет» баргузор гардид.

 Дар семинар омӯзгорону хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, дар он тамоми ҷабҳаҳои истифодабарии шабакаҳои компютерӣ, аз ҷумла сомонаҳои ҷамъиятӣ, муҳофизати иттилоот аз меҳмонҳои нохонда, дури ҷустан аз ҳаргуна шабакаҳои террористиву экстремистӣ, инчунин ба манфиати хонандагону устодон истифодабарии шабакаҳои байналмилаллӣ мавриди баррасиву муҳокима қарор дода шуд.

Дар раванди семинар ба омӯзгорон ёрии методӣ дода шуда, доир ба дастраскунии интернети қулай ва арзон инчунин оид ба тарзҳои истифодабарии он дар раванди таълиму тарбия маълумоти муфасал дода шуд.