Маҳфили адабӣ бахшида ба рӯзи «Ғалаба»

.

Рӯзи 7.05.2019 дар толори китобхонаи бачагонаи шаҳр маҳфили адабӣ таҳти унвони «Бобои Қаҳрамони ман» бахшида ба рӯзи 74-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 бо иштироки хонандагони МТМУ №14 баргузор гардид.

 Дар ин маҳфил омӯзгорон дар бораи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гуфта гузаштанд. Хонандагон низ дар навбати худ намоиши саҳначаҳо, шеъру суруд донишу малакаи худро намоиш доданд.