«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»

.

9- май дар майдони боғи «Ғалаба»-и шаҳр ба ифтихори 74- умин солгарди Ғалаба  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки раиси тозаинтихоби шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод ҷамъомади бошукӯҳи идона доир гардид. Нахуст чорабинӣ аз маросими гулчамбаргузори дар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони майдонҳои набард, «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» оғоз ёфт.

 Давлатзода Зарина мардуми шаҳр ва дар симои онҳо тамоми Тоҷикистониёнро ба ин рӯзи фархунда табрик намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабини барномаи ҳунарии ҳунармандони бахши фарҳанг бахшида ба ин саннаи таърихӣ  манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар охир аз тарафи раиси шаҳр ба ҳамсарони иштирокчиёни  ҶБВ ва собиқадорони меҳнати шаҳр, ки дар умум 35 нафарро ташкил медоданд, туҳфаҳо ва кӯмакҳои яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.