Чорабиноҳои идона дар муассисаҳои таълимӣ

.

Аз оғози моҳи май дар тамоми муассисаҳои таҳсислоти умумии шаҳр бахшида ба истиқболи 74 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабиниҳои идона доир гардида истодаанд. Гулакова М, директори муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маориф иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ тарбия намудани насли наврас дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, пос доштани хотираи  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги  Ватанӣ    мебошад.

 Аз ҷумла озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Рӯзи Ғалаба» байни аъзоёни маҳфили  «Мусавварон» шуда гузашт, ки  Норхонова Муниса, Раҳимова Хайринисо, Салихова Гулбаҳор, Наҷмудинова Моҳтоббӣ, Нурализода Иршод ва Ҳакимова Нозанин ғолиб дониста шуда бо ифтихорнома  сарфароз гардонида шуданд.

Дар муассисаи таҳсилои миёнаи умумии №3 дар доираи нақша чорабиниҳо оид ба рӯзи Ғалаба  шеърҳо қироат намуданд. Достони «Ғалабаи Таня» ба саҳна гузошта шуд. Нақши  Таняро хонандаи синфи 8  Амонома Низора  бо маҳорати баланд бозид. Муассисаҳои таълимии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маориф дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 74 – умин солгарди Ғалаба  хонандагони болаёқатро ба сафи  Созмони  хонандагон қабул намуданд.

Дар байни аъзоёни зинаи «Ворисони Сомониён»-и муассисаи таълимии №2 озмуни «Маърӯзаи беҳтарин»  гузаронида шуд. Ғолибони озмуни мазкур Ятимова Фаришта, Ғоибова Сафина ва Сафинаи Нуриддин дониста шуданд.