Мизи мудаввар таҳти унвони «Самараи умр»
Рӯзи 13.05.2019 бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори ЛКСК мизи мудаввар таҳти унвони «Самараи умр»бахшида ба рӯзи «Иди оила» бо иштироки раисони шуроҳои занони муассисаҳои таълимии шаҳр ва омӯзгорони фанни маърифати оиладорӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, кам кардани бекоршавии ақди никоҳ байни ҷавонон, ба ҷо овардани ҳурмати калонсолон, таҳаммулпазирии ҷавонон дар ҳаёти мустақилона, ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ ва омӯзиши маърифати оиладорӣ мебошад.