Вохӯрии табибон бо аҳолӣ

.

Кормандони МТТҲС  Зокирова Ш., Мирзоева М. бо ҳамшираҳои тибби оилавии МС Ш  минтақаҳои 6, 8, 5А, 9А Надимова М., Собирова Ш., Абдулазизова Б., Миракова Н. дар кӯчаҳои А.Дониш, Умари Хайём,  Борбад инчунин дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» байни истиқоматкунандагон доир ба бемориҳои сироятӣ, пешгирии вируси норасоии масунияти одам, бемории  сироятии  дарунрав ба воситаи  иммунизатсия идорашаванда «Рота вирус», бемории вараҷа ва гигенаи шахси суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.

 

Мақсад аз ин вохӯрӣ огоҳ намудани аҳолӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ буда, дар ин вохӯриҳо таъкид карда шуд, ки  мо бояд баҳри солимии  хеш аз ҳуқуқҳои худ ва шаҳрвандиамон истифода бурда, ҳангоми гузаронидани сузандоруҳо ва хизматрасониҳо вобаста ба кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо аз масъулин талаб намоем, ки тибқи стандартҳои тиббӣ корро ба роҳ монанд, ки аксарият бемориҳои сироятӣ бо ин роҳҳо мегузаранд.